Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин

11.06.2020 16:48

11.jpg

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон маҳсуб меёбад. Он соли 1993 кушода шудааст. Пас аз 7 соли фаъолият дар Бонн, Сафорат соли 1999 ба шаҳри Берлин кӯчид.

Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз лаҳзаи таъсисёбӣ то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) дар тамоми муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷониби дипломатҳои Вазорати корҳои хориҷии ИҶШС намояндагӣ мегардид. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ба монанди дигар ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардида, ҳамчун кишвари мустақил аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Пас аз он ки Ҷумҳурии Федеративии Олмон Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи дипломатӣ расман эътироф кард, Олмон дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе сафорати худро ифтитоҳ кард. Дар посух Тоҷикистон намояндагии дипломатии худро дар шаҳри Бонн-Бад Годесберг боз кард. Ин аввалин Сафорати ҷумҳурии ҷавон дар Аврупо буд. Аммо баъди раванди "кӯчиши азим"-и сафоратхонаҳо ба пойтахти нав Сафорат муваққатан як бинои мавҷударо дар минтақаи Шарлоттенбурги шаҳри Берлин ба иҷора гирифт.

Бинои Сафорати имрӯза дар қисмати шарқии ноҳияи Моабити шаҳри Берлин ба Ҷамъияти Апостолии Берлин тааллуқ дошт ва баъдтар ҳамчун Хонаи фарҳанги Моабит (Ташаббуси фарҳангии MO21) хидмат мекард. Моҳи марти соли 2008 Ҳукумати Тоҷикистон ин биноро харидорӣ намуд.

Дар асоси иҷозати мақомоти маҳаллии меъморӣ дар дохили бино баъзе тағйирот ворид карда шуд. Дар пешдевори  бино, ки ба чорроҳаи кӯча мебарояд, тоҷе бо ҳафт ситора насб шудааст. Дари асосии бино бо истифода аз нақшҳои ҳунари халқии чубтарошӣ сохта шудааст.

14 декабри соли 2011 бинои Сафорат аз ҷониби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари давлатӣ ба Олмон расман ифтитоҳ гардид.

Девори умумии байни ду блокҳои истиқоматии кӯчаҳои Любек ва Перлебергер, ки ба қитъаи замини Сафорат наздик ҷойгир ҳаст, бо чор расми бузурги бо рангҳои гуворо оро додашуда манзараҳоро ифода мекунанд. Дар саҳни ҳавлии Сафорат айвони миллии аз чӯб кандакоришудаи "Чойхонаи тоҷикӣ" мавҷуд аст.

Сафирони собиқ

Акбар Мирзоев – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии  Германия 1993 - 1999

Нурали Саидов – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии  Германия 1999 - 2006

Имомудин Сатторов – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии  Германия, 2007-2014

Маликшо Нематов – Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии  Германия, 2014 - 2018

22.jpg

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg