Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон
Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Олмон
Муқаддима. Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон моҳи феврали соли 1992 барқарор шуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Андреас Протман (нобри соли 2019) мебошад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Сатторов Имомудин Мирзоевич ( Январи соли 2022) мебошад.
Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ҳамзамон масъули пешбурди муносибатҳо бо кишварҳои Лаҳистон ва Чехия мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар музофоти Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайни Олмон тавассути консулгарии фахрӣ намояндагӣ мегардад.
Абзорҳои робитаҳои дуҷонибаи ҳар ду кишварро гуфтушунидҳо ва машваратҳои байниҳукуматии ҳарсола, машваратҳои сиёсии байниидоравии вазоратҳои корҳои хориҷӣ, боздидҳои мутақобилаи сиёсатмадорон, намояндагони парлумон, вазоратҳои мудофиа, ниҳодҳои қудратӣ, ҳамоишҳои соҳибкорони ҳар ду кишвар, робитаҳои мустақими муассисаҳои пажӯҳишӣ-таълимӣ ташкил медиҳад.
Тоҷикистон ва Олмон дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалӣ низ ҳамкорӣ дорад. Ҷонибҳо идомаи ҳамкориҳоро дар доираи Барномаи ҳамгироии минтақавии Покистон, Афғонистон ва Тоҷикистон (PATRIP) муҳим меҳисобанд. Яке аз натиҷаи татбиқи ин лоиҳа сохтмони пули байнисарҳадӣ дар мавзеи Кокул ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва таъсиси бозорҳои наздисарҳадӣ мебошад. “Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ, Ташаббуси Берлин. Осиёи Марказии сабз” мисолҳои аёнии ҳамкориҳои Тоҷикистону Олмон дар доираи лоиҳаҳои минтақавӣ шуморида мешавад.
Пояи қарордиву ҳуқуқӣ. Омили танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба заминаи шартномавӣ - ҳуқуқии ҳарду кишвар мебошад. То ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Олмон 40 санади дуҷониба ба имзо расидааст.
Ҳамкориҳо дар самти таълими ҳарбӣ
7-8 октябри соли 2014 мулоқоти намояндагони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Олмон (Бундесвер) дар Берлин баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ масълаҳои ҳамкории соҳавӣ оид ба ташкили курсҳои омӯзишӣ ва таълимӣ барои мутахассисон ва дигар мавзӯҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд.
Хадамоти қувваҳои мусаллаҳи Олмон (Бундесвер) дар доираи ҳамкории ҳарбӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҳамасола барои сарбозону афсарони Тоҷикистон барои ширкат дар курсҳои таълимӣ ва такмили ихтисос квотаҳо ҷудо менамояд.
Ҳамкориҳои минтақавӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ
Тоҷикистон ва Олмон узви як қатор созмонҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, миёни кишварҳо дар чаҳорчӯбаи СММ, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, СУС ва ЮНЕСКО ҳамкориҳои хуб ба роҳ монда шудаанд.
Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ Иттиҳоди Аврупо соли 2019 Стратегияи навро нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул намуд, ки мақсади асосии он рушди ҳамкориҳои мутақобила бо назардошти имкониятҳои нав, тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи амният, рушди ҳамкориҳои Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ мегардад.
Тоҷикистон идомаи ҳамкории мутақобилан судманди кишварҳои минтақа бо Иттиҳоди Аврупоро дар чаҳорчӯби Стратегияи нав ҷиҳати таҳкими зарфиятҳои иқтисодӣ, транзитӣ, нақлиётӣ, энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ, беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҳамдастӣ дар сабуксозии пайомадҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори минтақа, мудирияти муассири сарҳадот ва рафъи чолишҳои амниятӣ барои ҳамаи кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим мешуморад
Тоҷикистону Германия ҳамкориро дар чаҳорчӯби “Ташаббуси Германия оид ба об барои кишварҳои Осиёи Марказӣ” (Раванди Берлин) ба роҳ монда, аҳамияти ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика ва об барои минтақа ва ҷаҳон муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Ҳадафи асосии ташаббуси Ҷумҳурии Федеративии Олмон рушди устувори иқтисод ва суботи минтақавӣ тавассути чораҳои муштарак дар самти идораи манбаъҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъмини ҳамкориҳои муштарак миёни кишварҳои минтақа ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар робита ба мавзӯъ мебошад.
Дар сатҳи байналмилалӣ ва дар доираи созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои зиёди мубрам баррасӣ мегарданд, ки дар қисми зиёди онҳо мавқеъҳои Тоҷикистону Олмон ба ҳам наздик мебошанд. Аз ҷумла, ташаббусҳои Тоҷикистонро дар соҳаи об аз ҷониби Олмон дастгирӣ ёфта, Тоҷикистон номзадии Олмонро барои пайвастан ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун аъзои ғайримуқими он, дар Кумитаи машваратӣ оид ба масъалаҳои маъмурӣ ва буҷавӣ (ACABQ) ва Шӯрои иҷроияи ЮНЕСКО барои солҳои 2019-2023 дастгирӣ намуда аст.
Намояндагиҳои Олмон дар Тоҷикистон
Намояндагиҳои Тоҷикистон дар Олмон