Ҳамкориҳои иқтисодӣ

09.12.2019 14:21

Ҳамкориҳои иқтисодӣ

Гардиши мол миёни Тоҷикистону Олмон новобаста аз мавҷудияти имконоти бузург ҳанӯз ҳам ба рушду тавсеа ниёз дорад.

Бинобар маълумоти Агентии омор дар нӯҳ моҳи соли 2019 ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Олмон ба 53,2 млн. доллари ИМА баробар шуд, ки қисмати бузурги онро воридот ба Тоҷикистон ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз Олмон таҷҳизоти электрикӣ, мошинолотҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ворид мекунад. Маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Олмонро дар маҷмӯъ маҳсулоти кишоварзӣ, пахта ва хӯрока ташкил медиҳад.

Миёни ширкатҳои давлативу хусусӣ дар бахшҳои истеҳсоли маводҳои сохтмонӣ,  воридсозии технологияҳои олмонӣ, истеҳсол ва коркарди сангҳои сохтмонии ороишӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда шудааст.

Тоҷикистону Олмон ҳавасманди вусъати ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ буда, дар ин самт аз иқдомҳои мушаххас кор гирифта истодаанд. Беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ, соддагардонии раванди сабти ширкатҳо тавассути таъсиси равзанаи ягона, пешниҳоди афзалиятҳои андозиву гумрукӣ ва ғ. аз ҷумлаи ин тасмимҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ҳамроҳшавӣ ба “Низоми умумии бархурдории тиҷоратӣ (GSP+)” ба Иттиҳоди Аврупо ба истеҳсолкунандагон, бахусус кишоварзони тоҷик имкон медиҳад, ки ба Иттиҳоди Аврупо бидуни боҷи содиротӣ молу маҳсулот содир намуда, дар ин росто суди бештар ба даст биёранду ҳамзамон маҳсулоти Тоҷикистонро дар Аврупо муаррифӣ намоянд.

Як зумра лоиҳаҳое, ки дар чаҳорчӯби шарикии рушд аз ҷониби Олмон сармоягузорӣ мегарданд, ба маҳзи ба вуҷуд овардани занҷираҳои таъсиси арзишҳои иловагӣ ва заминагузорӣ ба ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратӣ равона гардидаанд.

                                 Ҳамкориҳо дар бахши рушди энергетика

Ҳамкорӣ дар самти энергетика, аз ҷумла таъмиру таҷдиди НБО-и хурди “Тоҷикистон” (Оқ-су) дар ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 1500 кВт ва ҷудо намудани 17 миллион евро ҷиҳати сохтмони лоиҳаи муштараки НБО “Себзор” дар доираи  барномаи “Ҳамкорӣ бо мақсади рушд бо Тоҷикистон ва маблағгузории грантӣ тавассути ҳамкории молиявӣ барои соли 2019 дар доираи ташаббуси германиягӣ оид ба технологияҳои ҳифзи муҳити зист”, яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар ба ҳисоб меравад.

 

 

Нигористон

Тақвим