Миёни Тоҷикистону Олмон шурӯъ аз соли 2016 механизми машваратҳои сиёсии байниидоравӣ ба роҳ монда шудааст. 1 октябри соли 2019 дар шаҳри Берлин машваратҳои сиёсии навбатӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва Ваколатдори Вазорати федеролии корҳои хориҷии Олмон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ ҷаноби Михаел Зиберт баргузор гардиданд. Дар рафти машваратҳо доираи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Баргузории машваратҳои навбатӣ соли 2020 дар Душанбе ба нақша гирифта шудаанд.