Муносибатҳои байнипарлумонӣ

09.12.2019 14:06

Миёни Тоҷикистону Олмон робитаҳои хуби байнипарлумонӣ вуҷуд дошта, вакилони Маҷлиси намояндагон ва Бундестаги Олмон зимни мулоқот ва сафарҳои мутақобила масоили рушди робитаҳои ҳар ду кишварро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд. Аз соли 2005 инҷониб дар назди Парлумони Тоҷикистон гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Олмон фаъолият дошта, бо гурӯҳи Осиёи Марказии Бундестаги Олмон робитаҳои зич ба роҳ мондааст.

Моҳи июни соли 2019 мулоқоти вакилони парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамтоёни олмонии худ сурат гирифта, дар рафти он масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

5 августи соли 2019 вакили Бундестаг, роҳбари гурӯҳи дӯстии “Олмон ва Осиёи Марказӣ” Манфред Грунд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дода, бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва дигар намояндагони расмии ҷумҳурӣ мулоқот намуданд. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германияро муҳокима намуда, рағбати худро барои густариши робитаҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амниятӣ изҳор доштанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg