Ҳамкориҳо баҳри рушд

10.03.2020 14:03

Ҳамкориҳо баҳри рушд

Олмон аз соли 2003 ин ҷониб барои Тоҷикистон шарики ҳамкориҳо баҳри рушд ба ҳисоб меравад. Ҳамасола миёни ҳайатҳои ҳар ду кишвар музокирот ва машваратҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои молиявӣ ва техникӣ баргузор мегарданд, ки дар рафти онҳо ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар бахшҳои рушди босуботи иқтисод, беҳдошти омма, сарчашмаҳои энергияи таҷдидшаванда, таълими ибтидоӣ, ҳифзи муҳити зист, ислоҳоти соҳаи ҳуқуқ ва ҷилавгирӣ аз офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор меёбад. Моҳи ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе машваратҳои навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон оид ба ҳамкориҳои молиявию техникӣ баргузор гардиданд. Дар рафти ин машваратҳо иҷрои бандҳои Протоколи қаблии иҷлоси байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардида, масъалаҳои ҳамкориҳои ҳар ду кишвар дар давраи минбаъда ба хотири рушди устувор муҳокима гардиданд.

Айни ҳол дар Тоҷикистон Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ), Маркази муҳоҷирати байналмилалӣ (CIM), Намояндагии Бонки Олмонии Рушд (KfW), Дафтари Агроаксия (Welthungerhilfe) ва намояндагии созмони Каритас (Caritas) фаъолият дошта, татбиқи маблағҳои техникиву молиявӣ ба ӯҳдаи онҳо гузошта шудааст. Намояндагии Бонки Олмонии Рушд (KfW) дар таҷдиду бозсозии баъзе иншоотҳои гидроэнергетикии кишвар низ ташаббускор мебошад. Моҳи июни соли 2010 дар чаҳорчӯби Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон Бонки  “AccessBankTajikistan” таъсис ёфт. Дар айни замон, ҳамкориҳои ҷонибҳо баҳри рушд дар сатҳҳои гуногун дар самтҳои иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф ва ғайра идома доранд.

Нигористон

Тақвим