Ҳамкориҳо дар соҳаи илм, фарҳанг ва диаспора

10.03.2020 12:57

Ҳамкориҳо дар соҳаи илм, фарҳанг ва диаспора

Ҳамкориҳои дуҷонибаро миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия дар бахши фарҳанг “Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба муносибатҳои фарҳангӣ” аз соли 1995  ба танзим медарорад.

Робитаҳои фарҳангии миёни Тоҷикистону Германия дар самти омӯзиши забонҳои олмонӣ ва тоҷикӣ, ҳамкориҳо байни донишгоҳҳо ва мактабҳои миёна ба роҳ монда шудааст. Аз соли 2010 инҷониб дар шаҳри Душанбе маркази забономӯзии Олмон (Sprachlernzentrum) амал мекунад, ки аз ҷониби муассисаи Институти Гёте (Goethe-Institut) маблағгузорӣ мегардад. Гузашта аз ин, дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ду гимназия фаъолият доранд, ки дар онҳо мутахассисони олмонӣ дарс медиҳанд.

Тавассути Маркази иттилоотии Хадамоти Мубодилаи Академикии Германия (Der Deutsche Akademische Austauschdienst), ки то соли 2019 дар Тоҷикистон фаъолият мекард, ҳамчунин  Институти Гёте ва Хадамоти Мубодилаи Педагогӣ олимону, донишҷӯён ва хонандагони мактабҳои миёнаи таҳсилоти умумии Тоҷикистон бо стипендияҳои гуногунмӯҳлат ҷиҳати таҳсил ва ё такмили ихтисос ба Германия сафар мекунанд.

Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои ҶТ дар асоси Ёддошти тафоҳум муштаракан бо Институти  бостоншиносии Германия (Das Deutsche Archäologische Institut) солҳо боз дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон  ҳафриётҳои бостоншиносӣ анҷом медиҳанд. То ҳол бостоншиносони олмонӣ дар навоҳии Данғара, Ховалинг, Восе, Кангурт ва Фархори вилояти Хатлон ҳафриётҳои бостоншиносӣ анҷом дода, ба бозёфтҳои нодир дучор шудаанд.

Институти ҳамкориҳои байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои мардумии Олмон (DVV International) ва Фонди олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқ (IRZ) аз ҷумлаи дигар муассисаҳои Германия ба ҳисоб меравад, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳои доимиро ба роҳ мондаанд.

11 апрели соли 2015  миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Филиппси шаҳри Марбурги Германия (Die Philipps-Universität Marburg) Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Миёни  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айни ва Донишгоҳи Ҳумболдти шаҳри Берлин (Humboldt-Universität zu Berlin) дар самти омӯзиши забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ, инчунин мубодилаи забономӯзон ҳамкориҳо ба роҳ монда шудаанд.

Миёни шаҳрҳои Душанбе ва Ройтлингени Германия аз соли 1990 инҷониб қарордод дар бораи бародаршаҳрӣ вуҷуд дорад.

Аз 39 ҳазор нафар диаспораи олмонизабонон, ки замоне дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, ба истиснои 1000 нафар ба ватани аҷдодиашон баргаштаанд. Дар қаламрави Германия “Ҷамъияти дӯстии Германияву Тоҷикистон” фаъолият дорад, ки ҳадафи асосии он аз тарғиби фарҳанги тоҷикон, баргузории сафарҳои омӯзишӣ-таълимӣ ва чорабиниҳои иттилоотӣ иборат аст.

Ҷамъияту анҷуманҳои нави донишҷӯёну толибилмони тоҷик дар Германия дар ҳоли ташаккулёбист.

Дар шаҳри Берлин тарабхонае бо номи “Чойхонаи тоҷикӣ” (Tadschikische Teestube) фаъолият дорад, ки бо тарзу усули тоҷиконa ороиш дода шуда, ҳамарӯза ба сокинон ва меҳмонони пойтахти Германия хизмат мерасонад.

Аз соли 1996 Ҷамъияти башардӯстонаи  Фриденсдорф Интернейшнл (Деҳкадаи сулҳ) инҷониб дар Тоҷикистон фаъолият дорад.

Нигористон

Тақвим