Тартиби додани шиносномаҳои хориҷӣ

09.12.2019 11:17

«Шиносномаи хориҷӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Тартиби додани шиносномаҳои хориҷӣ
ва шаҳодатномаи бозгашт
ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар асоси кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон шиносномаи хориҷӣ дода мешавад?

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»
  • Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои маълумоти электронӣ мебошад" аз 20 феврали соли 2009, № 624
  • “Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои маълумоти электронӣ ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 2 апрели соли 2009, № 203 тасдиқ шудааст.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Германия ба кӣ шиносномаҳои хориҷӣ медиҳад?

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар давлати будубоши намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ ва ё ҳавзаи консулии он истиқомати доимӣ ё будубоши муваққатӣ доранд.

 

Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Германия кадом ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?

  • Нусхаи ҳуҷҷатҳои зеринро тариқи почтаи муқаррарӣ (бо DHL) ба суроғаи Сафорат ирсол намоед ва барои дақиқ намудани рӯзи қабул (термин)  баъд аз 10 шабонарӯз ба бахши консулии Сафорат занг занед +49 (0) 303 479-3017.

- Ариза ба номи Сафорат (шакли муқарраршуда бо дарҷи рақами телефон); (Барои шиноснома) 

- нусхаи шиносномаи эътибордоштаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайди ҷои истиқомат дар ҶТ;

- нусхаи шиносномаи хориҷии эътибордошта;

- нусхаи шаҳодатномаи таваллуд;

- нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ;

- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қонунӣ будани будубоши шаҳрванд дар кишвари иқомат (виза, корти иқомат);

  • пардохти хизматрасонии консулӣ танҳо баъд аз таъин гардидани санаи қабул дар Сафорат (термин) сурат мегирад.

 

Барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ то 16 сола кадом ҳуҷҷатҳо зарур мебошанд?  (Барои шиноснома) 

-Ариза ба номи Сафорат (шакли муқарраршуда бо дарҷи рақами телефон);

- нусхаи шиносномаи хориҷии эътибордошта аз кӯдак;

- нусхаи ҳуҷҷатҳои падару модар (шиносномаи миллӣ бо қайди ҷои истиқомати ҶТ ва шиноснмаи хориҷӣ, шаҳодатномаи акди никоҳ, корти иқомат);

-нусхаи шаҳодатномаи таваллуд (бо тарҷумаи он ба забони тоҷикӣ);

-нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қонунӣ будани будубоши шаҳрванд дар кишвари иқомат (виза, корти иқомат);

  • пардохти хизматрасонии консулӣ танҳо баъд аз таъин гардидани санаи қабул дар Сафорат (термин) сурат мегирад.

 

                                                                Суратҳисоби бонкии Сафорат:

Inhaber: Botschaft Tadschikistan

Bank: Deutsche Bank Berlin

IBAN: DE23 1007 0000 0239 8816 01

BIC (SWIFT): DEUTDEBBXXX

Тартиби дархости шиноснома барои ноболиғон ҳангоми ҳузур надоштани яке аз волидон (падар ё модар)

Барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрвандони то 16-сола дар асоси ризоияти хаттии дар нотариус ё муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшудаи падар ё модар, ё ҳуҷҷати тасдиқкунандаи набудани падар ё модар (шаҳодатномаи вафот, қарори суд оид ба маҳкум кардани ҳуқуқи падар ё модар, қарори суд оид ба беному нишон гаштани падар ё модар).

Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Германия бо мақсади муайян намудани мансубияти муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ў ба шаҳрвандии давлати дигар метавонад ҳуҷҷатҳои иловагиро талаб намояд.

 

Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ чӣ бояд кард?

Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, соҳиби он бояд фавран ба мақомоти корҳои дохилии кишвари будубош, инчунин ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Германия барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояш ва гирфитани Шаҳодатномаи бозгашт ба Ватан хабар диҳад.
 

 

Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ҳуҷҷат аст?

Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ўро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд ва ба мўҳлати на зиёда аз 30 рўз дода мешавад.

Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои буду бош дар хориҷа асос шуда наметавонад. Шаҳодатномаи бозгашт ба шахси муроҷиаткунанда то баргаштани ў ба Ватан танҳо як маротиба дода мешавад.

 

Барои гирифтани шаҳоданомаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳуҷҷатҳо заруранд?

  1. Ариза ба номи Сафорат (шакли муқарраршуда);
  2. Нусхаи шиносномаи дохилӣ;
  3. Нусхаи шиносномаи хориҷӣ;
  4. Ду адад сурат (3х4).

 

Судури шиносномаи хориҷӣ дар кадом ҳолатҳо рад карда мешавад?

Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муваққатан дар ҳолатҳои зерин додани шиносномаи хориҷӣ рад карда шавад, агар:

    • ў аз маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, воқиф бошад - то гузаштани мўҳлати муқарраршуда аз лаҳзаи ба анҷом расидани рухсати шаҳрванд ба ин маълумот. Мўҳлати зикргардида набояд аз 5 сол зиёд бошад, он мумкин аст аз ҷониби Комиссия, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби инфиродӣ бо дарназардошти далели собитгардидаи шиносоии шаҳрванд бо маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад, таъсис додааст, тамдид карда шавад. Мансубияти маълумот ба маълумоте, ки сирри давлатӣ дорад мутобиқи конунгузорӣ, ки ҳифзи маълумоти махфиро танзим менамояд, анҷом дода мешавад;
    • ў ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир шудааст ё ин ки ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шудааст - то баровардани қарор доир ба парванда ё қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд;
    • ў барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад - то адои (иҷрои) мўҳлати ҷазо ё то озод шудан аз ҷазо;
    • ў аз иҷрои ўҳдадориҳои ба дўшаш гузоштаи суд саркашӣ кунад - то иҷрои ўҳдадориҳо;
    • ў дар бораи худ маълумоти бардурўғ дода бошад;
    • нисбат ба ў дар суд даъвои шаҳрвандӣ пешниҳод шуда бошад - то ба охир расидани пешбурди парванда;
    • ў тибқи ҳукми суд ретсидивисти ниҳоят хавфнок дониста шуда бошад ва ё зери назорати маъмурии милитсия қарор дошта бошад - то бартараф гардидани доғи судӣ ва ё ба итмом расидани мўҳлати назорат;
    • ў мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бошад - то ба итмом расидани мўҳлати адои хизмати ҳарбӣ.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg