Раводид

26.12.2019 11:27

Раводид

Раводид чист?

Раводид - иҷозатест, ки ба шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқи убури Сарҳади давлатиро бо мақсади ворид гардидан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун шудан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ба таври транзитӣ гузаштан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давоми муҳлати дар раводид зикргардида медиҳад.

«Раводид» аз «раводиди электронӣ» чӣ фарқ дорад?

Раводид дар қоғази махсуси дорои хусусиятҳои ҳимоявӣ аз сохтакорӣ (қалбакикорӣ) дар намуди тамғақоғаз гузошта мешавад, ки он дар саҳифаи махсусан ҷудокардашуда барои раводид дар шиноснома ва ё дигар ҳуҷҷати онро ивазкунанда насб карда мешавад. Чунин категорияи раводидро раводиди стандартӣ ё стикерӣ низ мегўянд. Шурўъ аз 1 январи соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи иттилоотии электронӣ барои додани дархост ба гирифтани раводид ба роҳ монда шуд. Дархостҳо барои гирифтани раводиди стандартӣ ба сомонаи инернетии www.visa.gov.tj. дода мешаванд.

Категорияҳои раводид:

- Дипломатӣ;

- Минтақаи озоди иқтисодӣ;

- Транзит;

- тиҷоратӣ;

- Табриқӣ;

- Намояндаи ВАО-и хориҷӣ;

- Гуманитарӣ;

- Истиқомати доимӣ;

- Нақлиётӣ;

- донишҷӯӣ;

- Хизматӣ;

- Меҳнатӣ;

- Хусусӣ;

- Сармоягузорӣ;

- Сайёҳӣ.

 

Барои гирифтани раводид марҳилаҳои зеринро иҷро намоед:

ҚАДАМИ 1

Анкетаро хонапурӣ карда, ҳуҷҷатҳои заруриро дар сомонаи зерин www.visa.gov.tj замима намоед.

•             Шиносномаи пешниҳодшаванда  бояд ҳадди аққал ду варақи холӣ барои гузоштани раводид дошта бошад;

•             Шиноснома бояд на камтар аз шаш моҳ аз мӯҳлати раводиди дархостшуда эътибор дошта бошад.

 

ҚАДАМИ 2

Вақте ки Шумо паёми электронӣ дар бораи он, ки "дархости шумо қаблан тасдиқ шудааст" қабул мекунед, лутфан дастурҳои зеринро иҷро кунед:

• Бо сафорат / консулгарӣ тамос гиред ва вақти ҳозир шуданатонро мувофиқа намоед

• Дар рӯзи мувофиқашуда ба Сафорат / консулгарӣ тасдиқи вақти мувофиқашуда, тасдиқномаи қабулшудаи дархости раводид) ва аризаву нусхаҳои ҳуҷҷатҳоро ҳамроҳ бо шиносномаи худ биёред;

• Ҳангоми ташриф ба Сафорат / консулгарӣ аз Шумо изи ангуштонатонро гирифта, аксбардорӣ хоҳед шуд.

• Довталабони зерин аз додани изи ангуштон озод ҳастанд:

о 1) Дипломатҳо;

o 2) Кӯдакон.

 

ҚАДАМИ 3

• Пас аз қабули қарор оиди судури раводид, он барои гирифтан омода карда мешавад

• Аз Шумо дархост карда мешавад, ки ҳаққи раводидро тибқи категорияи  

  интихобкардаатон, пеш аз гирифтани шиноснома пардохт намоед

• Шумо бояд шиносномаи худро аз Сафоратхона шахсан гиред.

 

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ дар бораи тартиби раводид, лутфан бо шӯъбаи консулии Сафорат тамос гиред.

Рӯзҳо ва соатҳои кории консулӣ: рӯзҳои душанбе то ҷумъа, аз соати 10:00 то 12:00 ва 15:00

17:00, ба истиснои рӯзи панҷшанбе.

Телефон: (+49) 030 34793017

Почтаи электронӣ: consulat@botschaft-tadschikistan.de

 

Мушаххасоти суратҳисоби бонкӣ барои хизматрасониҳои консулӣ:

Inhaber: Botschaft Tadschikistan

Konto: 23 9881 601 BLZ: 100 700 00

Bank: Deutsche Bank Berlin

IBAN: DE23 1007 0000 0239 8816 01

BIC (SWIFT): DEUTDEBBXXX

 

** Эзоҳ: Онҳое, ки барои гирифтани раводиди электронӣ дар сайти www.evisa.tj муроҷиат кардаанд, лутфан маблағи раводиди электрониро ба ин ҳисоб интиқол надиҳанд. Суратҳисоби дар боло зикршуда танҳо барои раводидҳои стандартӣ ва дигар хизматрасониҳои консулӣ, ки Сафорати Тоҷикистон дар Берлин пешниҳод менамояд, пешбинӣ шудааст.

 

“Визаи электронӣ”

Визаи электронӣ чист ва онро чӣ тавр дарёфт кардан мумкин аст?

Раводиди электронӣ ҳуҷҷати расмиест, ки барои воридшавӣ ва саёҳат дар ҳудуди Тоҷикистон иҷозат медиҳад. Агар Шумо шаҳрванди яке аз кишварҳои дар поён номбаршуда бошед, метавонед барои раводиди электронӣ ба сайти www.evisa.tj муроҷиат кунед. Пас аз он ки аризаи Шумо бомуваффақият баррасӣ шуд, раводиди электронӣ ба Шумо тариқи номаи электронӣ фиристода мешавад. Ин раводиди яккарата аст, ки ба муддати 90 рўз дода мешавад, вале дорандаи ин раводид дар Тоҷикистон метавонад на бештар аз 45 рўз, шурўъ аз санаи ворид шудан ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта бошад. Раводиди электронӣ тамдид карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешгўинашаванда (форс-мажор). Барои маълумоти бештар лутфан ба вебсайти зерин ташриф оред:

https://www.evisa.tj/index.evisa.html#/getinformed.

 

Ба маълумоти Шумо расонида мешавад, ки Сафорати Тоҷикистон дар баррасии дархостҳои раводиди электронӣ иштирок намекунад. Сафорат танҳо раводидҳои стандартиро судур мекунад.

 

Рӯйхати давлатҳои хориҷӣ, ки шаҳрвандонашон барои гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содда ҳуқуқ доранд

 

1. Австралия

2. Ҷумҳурии Австрия

3. Ҷумҳурии Албания

4. Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир

5. Андорра

6. Антигуа ва Барбуда

7. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

8. Ҷумҳурии Аргентина

9. Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ

10. Барбадос

11. Шоҳигарии Баҳрайн

12. Белиз

13. Шоҳигарии Белгия

14. Ҷумҳурии Булғористон

15. Давлати Боливия

16. Босния ва Ҳерсеговина

17. Бразилия

18. Бруней Дару Салом

19. Иттиҳодияи ҷазираҳои Багемия

20. Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

21. Ҷумҳурии Венесуэла

22. Ватикан

23. Маҷористон

24. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам

25. Иттиҳоди Гайана

26. Ҷумҳурии Гватемала

27. Ҷумҳурии Федеративии Германия

28. Гренада

29. Ҷумҳурии Юнон

30. Шоҳигарии Дания

31. Ҷумҳурии Доминикана

32. Иттиҳоди Доминика

33. Ҷумҳурии Арабии Миср

34. Зеландияи Нав

35. Давлати Исроил

36. Ҷумҳурии Ҳиндустон

37. Ҷумҳурии Индонезия

38. Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

39. Ҷумҳурии Исломии Эрон

40. Ҷумҳурии Ирландия

41. Ҷумҳурии Исландия

42. Шоҳигарии Испания

43. Ҷумҳурии Италия

44. Канада

45. Давлати Қатар

46. ​​Ҷумҳурии Кипр

47. Ҷумҳурии Халқии Хитой

48. Колумбия

49. Ҷумҳурии Корея

50. Ҷумҳурии Коста-Рика

51. Ҷумҳурии Куба

52. Давлати Кувайт

53. Ҷумҳурии Латвия

54. Лубнон

55. Ҷумҳурии Литва

56. Принсипи Лихтенштейн

57. Гертсогии Бузурги Люксембург

58. Ҷумҳурии Маврикия

59. Македонияи Шимолӣ

60. Малайзия

61. Ҷумҳурии Малдив

62. Ҷумҳурии Малта

63. Шоҳигарии Марокаш

64. Иёлоти Муттаҳидаи Мексика

65. Монако

66. Муғулистон

67. Шоҳигарии Нидерландия

68. Шоҳигарии Норвегия

69. Ҷумҳурии Исломии Покистон

70. Ҷумҳурии Панама

71. Ҷумҳурии Парагвай

72. Папуа Гвинеяи Нав

73. Ҷумҳурии Перу

74. Ҷумҳурии Лаҳистон

75. Ҷумҳурии Португалия

76. Руминия

77. Ҷумҳурии Сан-Марино

78. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

79. Сейшелҳо

80. Ҷумҳурии Сенегал

81. Сент-Винсент ва Гренадин

82. Сент Киттс ва Невис

83. Люсиа Сент

84. Ҷумҳурии Сербия

85. Ҷумҳурии Сингапур

86. Ҷумҳурии Словакия

87. Ҷумҳурии Словения

88. Ҷумҳурии Суринам

89. Шоҳигарии Таиланд

90. Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго

91. Ҷумҳурии Тунис

92. Ҷумҳурии Туркия

93. Туркманистон

94. Ҷумҳурии Ӯзбекистон

95. Ҷумҳурии Уругвай

96. Ҷумҳурии Фиджи

97. Ҷумҳурии Филиппин

98. Ҷумҳурии Фаронса

99. Ҷумҳурии Финляндия

100. Ҷумҳурии Хорватия

101. Монтенегро

102. Ҷумҳурии Чехия

103. Ҷумҳурии Чили

104. Конфедератсияи Швейтсария

105. Шоҳигарии Шветсия

106. Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка

107. Ҷумҳурии Эквадор

108. Сальвадор

109. Ҷумҳурии Эстония

110. Аморати Муттаҳидаи Араб

111. Ямайка

112. Ҷопон

Нигористон

Тақвим