Қайди консулӣ

15.01.2020 11:45

«Қайди консулӣ»

Қайди консулӣ чист?

Қайди консулӣ – шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши худ ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дар бораи ҷойи истиқомати муваққатӣ/доимӣ, ҷойи кор/таҳсил ва дигар маълумоти тамосии худро пешниҳод менамояд. Маълумоти мазкур метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ (масъалан: қатъ гардидани алоқа бо хешовандон ва наздикон)  ба хешовандони/наздикони ӯ барои барқарор намудани алоқа/тамос кумак намояд.  

 

Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувақаттан ва ё дар асоси доимӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Федеративии Германия, Ҷумҳурии Полша ва Ҷумҳурии Чехия кору зиндагӣ ва ё таҳсил мекунанд, тавсия дода мешавад, ки худро дар Бахши консулии Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ба қайд гиранд.

Барои ба қайди консулӣ гирифтан шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:

  1. Ариза ба номи Сафорат;
  2. Нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқуқнандаи шахсият (шиносномаи умумишаҳрвандии дохилӣ, шиносномаи хориҷӣ);
  3. Нусхаи шаҳодатномаи таваллуд;
  4. Маълумотнома оид ба ҷойи истиқомат дар кишвари иқомат;
  5. Маълумотнома аз ҷойи кор/таҳсил;
  6. Расиди пардохти боҷи консулӣ (100 евро)

Суратҳисоби бонкии Сафорат:

Inhaber: Botschaft Tadschikistan

Konto: 23 9881 601 BLZ: 100 700 00

Bank: Deutsche Bank Berlin

IBAN: DE23 1007 0000 0239 8816 01

BIC (SWIFT): DEUTDEBBXXX

 

Ҳуҷҷатҳои болозикр ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин пешниҳод карда мешаванд (шахсан ё тариқи почтаи маъмулӣ).

Эзоҳ: Бақайдгирии консулӣ барои мактаббачагон, донишҷӯён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади таҳсил ба Германия, Полша ва Чехия омадаанд ба таври ройгон сурат мегирад.

Нигористон

Тақвим