ҶАШНИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР БОКУ

23.03.2022 16:25

23 марти соли 2022 бо ташаббуси Намояндагӣ дар толори яке аз меҳмонхонаҳои маъруфи шаҳри Боку маҳфили бахшида ба ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз баргузор намуд.

Дар маҳфили ботантана намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарзанги Ҷумҳурии Озарбойҷон, вакилони Меҷлиси Миллӣ, корпуси дипломатии мууқими ин кишвар, аз ҷумла сафирони давлатҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, намояндагони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, доираҳои илму фарҳанги Озарбойҷон иштирок намуданд.

Чорабинии наврӯзиро Сафир ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба таърих ва фазилатҳои накуи Наврӯзи оламафрӯз ва ҳифзи ҳуввият ва арзишҳои миллии Тоҷикистон, инчунин роҷеъ ба сиёсати фарҳангии кишвар дар даврони Истиқлолият таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз рӯйдодҳои фарҳангӣ, таҷлили санаҳои бузурги фарҳангӣ, эҳёи сунатҳои милливу ҳунарҳои мардумӣ ва ба таври хосса аз шукӯҳу шаҳомат ва ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ибрози андеша намуд.

Дар махфили хотирмон зиёда аз 45 нафар меҳмонон иштирок намуданд, ки бо анъанаву русуми аҷдодии тоҷикон ва суннатҳои марбут ба ҷашнгирии Наврӯзи фархундапай ва инчунин дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони 30 соли истиқлолияти давлатӣ, нақши афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ва баргузории маъракаҳои ҳамчунон муҳими дар пеш истода дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар шиносоӣ пайдо карданд.

Дар гӯшаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Сафорат ташкил гардид, бо сабки вежа ороиш ёфта, дар он намунаи либос, асбобҳои мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии миллӣ, инчунин, китобҳо дар бораи Тоҷикистон, таъриху фарҳанг ва маводи ҷолиби диққат ба намоиш гузошта шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg