Ҷашнгирии Наврӯзи дар Гобустон

21.03.2022 15:47

21 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Сафорат дар якҷояги бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Мамнӯъгоҳи миллии таърихию бадеии Гобустони  Озарбойчон чорабини бахшида ба иди Наврӯз баргузории фестивали “оши палов” ташкил карда шуд.

        Дар фестивали мазкур муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Элнур Алиев, вакили парлумон Айдин Ҳусейнов, Раиси ҳокимияти иҷроияи в.Гарадаги Ҷумҳурии Озарбойҷон Сулаймон Микаилов, Сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳиндустон, Туркия, Давлати Қатар, Покистон, намояндагони дигар сафоратҳо, созмонҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори оммавӣ иштирок намуданд.

       Сафир дар навбати худ иброз дошт, ки Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии тоҷикон - Сада ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон ҳамчун омилҳои пояндагии тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд. Роҳбари намояндагӣ бо қаноатмандӣ қайд кард, ки Наврӯз бо ҳама таърихи ғанӣ ва рангинаш дар кишвари тоҷикон маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатӣ бо тамоми ғановату рангорангии он ҳамчун рамзи рӯзи нав, саршавии соли нав ва иқдому ташаббусҳои нав эҳё гардида, имрӯз ба беҳтарин василаи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардум табдил ёфтааст.

           Зимни баргузории фестивал аз ҷониби Тоҷикистон хайма дорои асбобҳои миллӣ доира, дутор инчунин овезон кардани сузанӣ ва либосҳои миллӣ, пухтани таомҳои идона бахшида ба Наврӯз аз ҷумла: оши палов, самбӯса, чак-чак, орзуқ, фатирҳои қат-қат, суманак ва ғайра ба манзари тамошобинон пешкаш гардид.    

       

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg