18 январи соли 2022 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Соли бо Ноиби ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон дар назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Фариз Исмоилзода баргузор гардид.
Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисони ҷавон дар доираи курсҳои бакалаврӣ ва такмили ихтисос дар Академияи дипломатӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия, инчунин ҷудо кардани бурсияҳои таҳсилӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таҳсил дар Академия дар соли 2022 баррасӣ карданд.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Академияи дипломатӣ 6 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Дар ин росто аз усулҳои муосири таълим дар Академия ва шароити мусоид барои таҳсили онҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.