Тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21.12.2021 17:09

IMG-20211221-WA0006.jpg

DSC-0748.jpg

21 декабри соли 2021 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон тамошои пахши мустақими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар чорабинӣ кормандони Сафорат, ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Озарбойҷон таҳсил менамоянд, фаъолони ҷамъияти тоҷикистониён дар кишвари иқомат ширкат варзиданд.

Дар фарҷоми тамошои Паём, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо иштирокдорон мулоқот анҷом дода,
аз онҳо даъват ба амал овард, то дар таҳсил ва фаъолияти касбии хеш ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳое, ки зимни ироаи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуданд, талош варзанд.

Ҳамзамон, бо ибтикори Сафорат тамошои Паём барои курсантони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Омӯзишгоҳи олии ҳарбии Озарбойҷон ба номи
Ҳ. Алиев ва Академияи Хадамоти давлатии сарҳадии Ҷумҳурии  Озарбойҷон таҳсил менамоянд, ташкил шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg