Воридшавии номинатсияи миллии “Фалак” ба Рӯйхати репрезентивии ЮНЕСКО

15.12.2021 19:03

15 декабри 2021 котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Зулфия Бурҳон дар ҷаласаи 16-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки бо иштироки намояндагони кишварҳои узви ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса тариқи маҷозӣ баргузор гардид, ширкат варзид.

Дар ҷаласа ворид намудани унсурҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ки кишварҳои узви ЮНЕСКО ба феҳристи мероси башарият пешниҳод намудаанд, баррасӣ гардид. Номинатсияҳои ҷавобгӯ ба талаботи Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ аз ҷониби Кумита расман ба феҳрист ворид гардиданд.

Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО, котиби масъули Шри Ланка оид ба корҳои ЮНЕСКО Пунчи Ниламе Мегасват ворид гардидани номинатсияи “Фалак” ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башариятро расман эълон намуд. 

Қобили қайд аст, ки пешниҳоди номинатсияи мазкур аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи панҷ шарту талаботе, ки дар Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО қайд шудааст, қабул гардид.

Ҳамчунин зикр гардид, ки иқдоми мазкур ҷиҳати ҳифз ва оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.

Falak-2.jpg

Falak.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg