Ҷашнгирии Рӯзи Президент дар Академияи Хадамоти давлатии сарҳад

17.11.2021 18:06

IMG-3198.jpg

17 ноябри соли 2021 дар Академияи Хадамоти давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Озарбойҷон бо иштироки курсантони тоҷик ва кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Боку чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Сафир Рустам Солӣ курсантони тоҷикро, ки дар ин Академия таҳсил мекунанд,  бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои давлатӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи хидматҳои шоёнӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои кишвар дар даврони 30-соли истиқлол, нақши афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии кишвар ва оид ба баргузории маъракаҳои дар пеш истода дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар иттилои муфассал дод.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg