Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҚАРОР

17.11.2021 10:33

                                                                                                                                           Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

аз 26.10.2021                                                                                № 464

 

Дар бораи ҷорӣ намудани низоми бераводиди яктарафа нисбат ба 52 кишварҳои хориҷӣ

 

      1. Мутобиқи моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

      2. Нисбат ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки номгӯи онҳо ба қарори мазкур замима мегардад, низоми бераводиди яктарафаи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудан, будубош ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ба муҳлати 30 рӯз ҷорӣ карда шавад.

       3. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор дода мешавад.

 

1. Австралия

2. Аморати Муттаҳидаи Араб

3. Герцогии бузурги Люксембург

4. Давлатхои Бруней Дорусалам

5. Давлати Кувайт

6. Давлати Қатар

7. Зеландияи Нав

8. Штатхои Муттахидаи Амрико

9. Исландия

10. Канада

11. Конфедератсияи Швейтсария

12. Малайзия

13. Венгрия

14. Ҷумҳурии Австрия

15. Ҷумҳурии Аргентина

16. Ҷумҳурии Федеративии Германия

17. Ҷумҳурии Доминикан

18. Ҷумҳурии Индонезия

19. Ҷумҳурии Италия

20. Ҷумҳурии Корея

21 Ҷумҳурии Куба

22. Ҷумҳурии Латвия

23. Ҷумҳурии Литва

24. Молдив

25. Ҷумҳурии Польша

26. Ҷумҳурии Португалия

27.  Ҷумҳурии Сингапур

28. Ҷумҳурии Туркия

29. Ҷумҳурии Филиппин

30. Ҷумҳурии Финляндия

31. Ҷумҳурии  Франция

32. Ҷумҳурии Хорватия

33. Ҷумҳурии Чех

34. Ҷумҳурии Чили

35. Ҷумҳурии Демократии Социалистии Шри-Ланка

36. Ҷумҳурии Эквадор

37. Ҷумҳурии Эстония

38. Ҷумҳурии Юнон

39. Князии Лихтенштейн

40. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

41. Шоҳигарии Баҳрайн

42. Шоҳигарии Белгия

43. Князии Монако

44. Шоҳигарии Дания

45. Шоҳигарии Испания

46. ​​Подшоҳии Нидерландия

47. Шоҳигарии Норвегия

48. Шоҳигарии Таиланд

49. Подшоҳии Шветсия

50. Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

51. Ямайка

52. Ҷопон

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg