1 ноябри соли 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси шаҳри Боку Элдар Азизов баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Боку баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкорӣ ҷиҳати таҳияҳои лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф, танзими мулоқотҳои коршиносон, инчунин таҳкими равобити мутақобил миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон табодули афкор намуданд.