Вохӯрии Сафир бо Раиси шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон

02.11.2021 15:12

1 ноябри соли 2021 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси шаҳри Бокуи Озарбойҷон Азизов Элдар Азиз оғлу баргузор гардид.

Мақсади вохӯрӣ баррасии муҳокимаи вазъи феълӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба миёни шаҳрҳои Душанбе ва Боку мебошад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ, миёни ҷонибҳо дар мавриди ҳамкории тарафайн ҷиҳати таҳияҳои лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои мухталиф, ташкили мулоқотҳои коршиносони ду кишвар, инчунин таҳкими равобити мутақобил миёни пойтахтҳои Тоҷикистону Озарбойҷон табодули афкор сурат гирифт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg