20 октябри соли 2021 дар Омӯзишгоҳи олии ҳарбии ба номи Ҳайдар Алиеви назди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Озарбойҷон бо иштироки курсантони тоҷик ва кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Боку чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзҳои забони давлатӣ, Парчами миллӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ Сафир Рустам Солӣ курсантони тоҷикро, ки дар ин Омӯзишгоҳ таҳсил мекунанд, бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳои давлатӣ табрику таҳният гуфта, дар бораи хидматҳои шоёнӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои кишвар дар даврони 30-соли истиқлол, нақши афзояндаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии кишвар ва оид ба баргузории маъракаҳои дар пеш истода дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар иттилои муфассал дод.
Сипас оид ба раванди таълим, шароити будубоши курсантони тоҷик табодули афкор сурат гирифт.