Вохӯрии Сафир дар Парлумони Ҷумҳурии Озарбойҷон

16.09.2021 10:04

15 сентбяри соли 2021 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва равобити байнипарлумонии Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамзамон Ноиби Президенти Ассамблеяи Парлумонии Шӯрои Аврупо (PACE) Сеидов Самед Исмаил оғлу баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар мавриди вазъи феълӣ ва рушди баъдии равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон, дурнамои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои мухталиф тавассути абзорҳои байнипарлумонӣ, инчунин вазъ дар минтақа табодули афкор намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои танзими сафарҳои мутақобил ва тақвияти тамосҳои корӣ байни кумитаҳо ва комиссияҳои парлумонҳои ду кишвар муҳокима шуданд.

unnamed.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg