13 сентябри соли 2021 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрии Сафир Рустам Солӣ бо директори генералии LB Fashion School (ЛБ Фэйшн Скул) Лейла Бабазаде ва раиси Итиҳоди ҷамъиятии мусоидат ба рушди маълумоти касбӣ Ирода Алиева доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо, масоили татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки дар тарғиби сару либоси миллии Тоҷикистону Озарбойҷон нигаронида шудаанд, баррасӣ шуд.
Аз ҷумла, ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки рунамоӣ либосҳои миллии Тоҷикистонро аз ҷониби LB Fashion School дар Озарбойҷон бо мақсади ошно кардани озарбойҷониҳо бо мероси фарҳангӣ ва таваҷҷӯҳ ба либосҳои анъанавӣ ҳамчун рамзҳое, ки хислати беҳамтои мардуми тоҷикро ифода мекунанд, баргузор кунанд.