Мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Роҳбари намояндагии доимии Ҷумҳурии Мухтори Нахҷувон дар ш. Боку

10.09.2021 14:53

2 сентябри 2021 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Соли бо Роҳбари намояндагии доимии Ҷумҳурии Мухтори Нахҷувон дар ш.Боку Бахтияр Аскеров танзим гардид.

Зимни мулоқот вазъи феълии ҳамкорӣ байни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мухтори Нахҷувон дар бахшҳои сармоягузорӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳанг ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин робита ҳавасмандии тарафайн барои густариши баъдии ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла бародаршаҳрӣ миёни ноҳия Данғара ва шаҳри Нохҷувон муҳим арзёби гардид.

Дар навбати худ Б.Аскеров изҳори итминон намуд, ки ӯ омода аст, то дар доираи имкониятҳои худ ҷиҳати тақвияти чунин ҳамкорӣ мусоидати лозимро расонад.

Ҳамзамон Сафир Р.Соли зимни вохурӣ дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар кишвари мо, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, ҳадафҳои стратегии кишвар, раисии ҷониби Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар ҳамаи бахшҳо иттилои муфассал дод.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg