9 июни соли 2021 дар Меҳмонхонаи “Fairmont”-и ш. Боку бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон чорабинӣ бахшида ба 24-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Дар нишаст намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими ш. Боку, роҳбарони ниҳодҳои тиҷоратӣ ва расонаҳои хабарии маҳаллӣ ширкат варзиданд.
Дар рафти чорабинӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ суханронӣ намуд. Ӯ дар бораи таърихи истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон маълумот дод. Сафир иброз дошт, ки Вахдати миллӣ падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, омили муҳим барои сарҷамъ намудани миллати тоҷик маҳсуб меёбад. Таъкид шуд, ки ҳоло таҷрибаи истиқрори сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон намунаи хуби ҳаллу фасли низоъҳои дохилӣ дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногун мебошад.