Ташрифи хайати Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.04.2021 16:11

Сафорат ба таваҷҷӯҳ мерасонад, ки 14-15 апрели соли 2021 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири нақлиёт Азим Иброҳим ба Гурҷистон ташриф овард. 14 апрели соли ҷорӣ мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати иқтисод ва рушди устувори Гурҷистон баргузор гардид. Дар нишаст аз ҷониби Тоҷикистон Вазири нақлиёт А. Иброҳим, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озарбойҷой ва Гурҷистон Р. Солӣ, сардори раёсати нақлиёти рӯзаминии Вазорати нақлиёт Ф. Неъматзода, аз ҷониби Гурҷистон Вазири иқтисод ва рушди устувор Натия Турнава, муовинони вазири иқтисод ва рушди устувор Геннадий Арвеладзе ва Гурам Гурамишвили, инчунин дигар кормандони ин Вазорат ширкат варзиданд.  Зимни мулоқот масъалаҳои суръат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, транзит ва саноат, такмили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳои мутақобил, танзими сафарҳои мутақобилаи сатҳҳои гуногун, гузаронидани вохӯриҳои коршиносони соҳавӣ муҳокима гардиданд.

1618402887-1618401917-winmail-dat.jpeg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg