Вохӯрии Сафир бо курсантони Тоҷикистон дар Омӯзишгоҳи олии ҳарбии Озарбойҷон ба номи Гейдар Алиев

23.02.2021 19:25

22 феврали соли 2021 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо мақсади иштирок дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Омӯзишгоҳи олии ҳарбии Озарбойҷон ба номи Гейдар Алиев ташриф овард.

Дар рафти нишаст Сафир муҳассилини Тоҷикистонро дар ин омӯзишгоҳ ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, оид ба таъсис ва ташаккули Артиши миллии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Ҳамчунин бо курсантони Тоҷикистон сӯҳбатҳо баргузор шуда, масъалаҳои раванди таҳсил ва таълими онҳо дар муассисаи номбурда баррасӣ гардиданд.

23-02.jpg

23-02-2.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg