Мулоқоти Сафир бо иҷрокунадаи вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон

07.11.2020 11:36

5 ноябри соли ҷорӣ мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Солӣ бо иҷрокунадаи вазифаи Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Анар Каримов суратпазир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангӣ байни ду кишвар, аз ҷумла Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили гастролҳо, ба намо гузоштани балет ва барномаҳои консертии муштарак бо иштироки санъаткорони ҳарду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

09-11.jpg

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg