Ҳамватанони гиромӣ,
Ба таваҷҷуҳи Шумо мерасонем, ки рӯзи якшанбе, 11 октябри соли 2020, дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бешубҳа яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти сиёсии кишвар дар соли равон ба шумор меравад.
Санаи 11 октябри соли 2020, аз соати 06:00 то 20:00 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар суроғаи шаҳри Боку, маҳаллаи Бодомдор, кӯчаи Баглар, паскӯчаи 2, хонаи 20 ҷойгир шудааст, участкаи интихоботӣ фаъолият хоҳад кард.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар овоздиҳии интихоботӣ бояд бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсиятро дошта бошанд.
Тел.: (+994 12) 502 14 32