22 сентябри соли 2020 дар сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикситон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси гуруҳи дӯстии байнипарлумонии Озарбойҷону Тоҷикистон Айдин Мирзозода баргузор гардид.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибат ва ҳамкориҳои байнипарлумониро мавриди баррасӣ қарор дода, аз рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҷиҳати густариши ҳамкориҳои фарогир пуштибонӣ намуданд. Дар ин раванд, ба афзоиши тамосҳо, сафарҳои ҳайатҳои байнипарлумонӣ ба кишварҳои ҳамдигар, табодули таҷриба ба сифати омилҳои муҳими таҳкиму густариши муносибатҳои дуҷониба таъкид гардид.