Санаи 17 июни соли 2020 бахшида ба Рӯзи Ваҳдати Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Сафир бо курсантҳои тоҷик, ки дар Академияи Қӯшунҳои сарҳадии назди Хадамоти давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳсил мекунанд, доир гардид.
Зимни суҳбат Сафир оид ба аҳамияти таърихии “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ва аҳамияти байналмилалии ин сана ибрози назар кард ва роҷеъ ба пешрафту дастовардҳои Тоҷикистон ва нақши мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлату давлатдорӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва амну суботи фарогир дар кишвар, рушду пешрафти соҳаҳои мухталиф, ҳадафу барномаҳои стратегӣ ва раванди татбиқи онҳо ҳарф зад.
Ҳамзамон, Роҳбари Намояндагӣ ба раванди хониш, муваффақаияти донишҷӯёни тоҷик дар таълиму тарбия ва шароити будубоши онҳо шинос гардид.