Санаи 23 июни соли равон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии Сафир бо курсантҳои тоҷик, ки дар Омӯзишгоҳи Олии ҳарбии ба номи “Ҳайдар Алиев”-и Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳсил мекунанд, доир гардид.
Зимни нишаст Сафири Тоҷикистон оид ба аҳамияти таърихии “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” ва аҳамияти байналмилалии он, пешрафту дастовардҳои кишвар ва нақши мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлату давлатдорӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва амну суботи фарогир дар кишвар, инчунин татбиқи барномаҳои созанда дар кишвар, ҳарф зад.
Дар фарҷом, Роҳбари Намояндагӣ ба раванди хониш, муваффақаияти донишҷӯён дар таълиму тарбия ва шароити будубоши онҳо шинос гардид.