11 феврали соли 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Солӣ бо Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Абулфас Гараев суратпазир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба густариши робитаҳои фарҳангии байни ду кишвар, аз ҷумла ташкили гастролҳо ва барномаҳои консертии муштарак бо иштироки санъаткорони ҳарду кишвар, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо имконияти тайёрии касбии мутахассисони тоҷикро дар соҳаҳои санъат ва фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Озарбойҷон баррасӣ намуданд.