Рӯзи 6 феврали соли 2020 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Халаф Халафов мулоқот намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ду ҷониб аз рушди динамикии муносибатҳои ду кишвар ёдовар шуда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун изҳори омодагӣ намуданд.
Ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.