13 январи соли 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси Кумита оид ба умури байналхалқӣ ва алоқаҳои байнипарлумонии Миллӣ Маҷлиси Озарбойҷон Самед Сеидов доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон ва роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ёдовар шуда, омодагиро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, маориф, обу энергетика, инчунин дар соҳаи туризм ва муҳоҷират бо истифода аз механизмҳои парлумонӣ изҳор намуданд.