10 январи соли 2020 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Солӣ бо Роҳбари намояндагии доимии Ҷумҳурии Мухтори Нахчивон дар ш.Боку Бахтияр Асгаров доир гардид.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва гуманитари миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мухтори Нахчивонро ба таври муфассал муҳокима намуданд.