10 январи соли 2020 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Роҳбари “Ширкати киштиронии Каспии Озарбойҷон” Рауф Валиев баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо муносибат ва ҳамкориҳои ду кишварро дар марҳалаи кунунӣ мусбат арзёбӣ намуда, ҷиҳати густариши минбаъдаи робитаҳо ва рушди ҳамкориҳо дар масоили тиҷортӣ, алалхусус интиқол додани молу колои Тоҷикистон аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Озарбойҷон бо нархҳои қобили қабул изҳор омодагӣ намуданд. Дар фарҷоми суҳбат, қарори дахлдор аз ҷониби Рауф Валиев қабул карда шуд.