Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо Раиси шаҳри Сумгаит

19.04.2019 22:36

1307d7dd654b37f63c07e6afb25f6eed.jpg

16 апрели 2019 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси шаҳри Сумгаити Ҷумҳурии Озарбойҷон Зокир Фараҷов доир гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо масоили рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин барқарор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни Данғараи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сумгаити Ҷумҳурии Озарбойҷонро муҳокима намуданд. Худи ҳамон рӯз Сафир аз корхонаҳои саноатии Сумгаит боздид намуда, бо  мақсади ба роҳ мондани ҳамокориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат бо роҳбарони он ширкатҳо мулоқот намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg