Иштироки Сафорати Тоҷикистон дар Ҷашнвораи байналмилалии фарҳангӣ дар Боку

20.04.2019 22:35

7f5d430ff60996e78cab7cee81eb309e.jpeg

 18 апрели 2019 Ҳаштумин Ҷашнвораи фарҳангии байналмилалӣ дар Академияи дипломатии Озарбойҷон баргузор шуд, ки ҳадаф аз он муаррифии фарҳангҳои гуногун ва фароҳам овардани замина ба муколамаи байнифарҳангӣ мебошад. Дар  ҳамоиш сафоратхонаҳои беш аз 60 кишвари дунё иштирок варзиданд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он ҷашнвора китобҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мусаввараву аксҳое, ки аз дастовардҳои кишвар, табиати зебои Тоҷикистон ва ҳунарҳои дигари мардумӣ ҳикоят мекарданд, ба маърази ом гузошт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg