Президенти Гурҷистон Эътиборномаи Сафири Тоҷикистонро қабул намуд

29.05.2019 22:30

6O8A8465.jpg

24 майи соли 2019 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҶумҳурии Озарбойҷон ҳамзамон дар Гурҷистон Рустам Солӣ ба ПрезидентиГурҷистон Саломе Зурабишвили Эътиборнома супорид.  

Пас аз маросими супоридани Эътиборнома мулоқоти Президенти Гурҷистон боСафири Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки зимни он Сафири кишвари мо баПрезиденти Гурҷистон дуруду паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби ОлӣЭмомалӣ Раҳмонро расонида, таъкид намуд, ки Сарвари давлати мо ба кишвар вамардуми Гурҷистон сулҳу оромӣ, рушду пешрафт ва рафоҳу шукуфоиро орзу карда,хостори густариши ҳарчи бештари муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвармебошад.

Президенти Гурҷистон, зимни арзи дуруд ба Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, ба кишвар ва мардуми мо сулҳ ва пешрафт орзу карда, изҳориумедворӣ намуд, ки густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ваГурҷистон дар заминаҳои гуногун идома хоҳад ёфт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg