23-юми августи соли 2019 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Озарбойҷон Сафар Мехтиев суратпазир гардид.
Дар рафти мулоқот масоили мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи гумрук мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мусоҳибон омодагии хешро баҳри баланд бардоштани сатҳи ҳамкорӣ дар фаъолияти амалии хадамотҳои гумрукии ду кишвар ва табодули мутахассисони мақомоти гумруки Тоҷикистону Озарбойҷон, инчунин дар дигар соҳаҳое, ки мавриди таваҷҷуҳи тарафайн аст, таъкид намуданд.