Аз 26 ноябр то 1 декабри соли 2018 дар шаҳри Порт-Луи Ҷумҳурии Маврикий ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои ЮНЕСКО баргузор гардид. Зимни ҷаласаи мазкур номинатсияҳои мероси фарҳанги ғайримоддии кишварҳои аъзо баррасӣ гардида, номинатсияҳои ба талаботҳои Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ҷавобгӯ аз ҷониби Кумитаи мазкур расман эълон гардиданд.
Дар кори ин ҷаласа Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО – Зулфия Бурҳон ва муовини Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи номинатсияи «Чакан – ҳунари гулдузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - Дилшод Раҳимӣ иштирок доштанд.
Қобили қайд аст, ки пешниҳоди номинатсияи кишвар аз рӯи 5 шарту талаботе, ки дар Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО қайд шудааст, қабул гардид.
Ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият қабул гардидани номинатсияи «Чакан – ҳунари гулдузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ҷаноби Рупун Призвирачсинг расман эълон гардид. Бояд тазаккур дод, ки ин иқдом барои ҳифзу оммавӣ намудани мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ яке аз дастовардҳои муҳим ба ҳисоб меравад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки баъд аз расман қабул гардидани номинатсия дар бинои баргузории ҷаласа намудҳои гуногуни чакани тоҷикӣ ба маърази 800 нафар иштирокчӣ аз 120 кишвари ҷаҳон гузошта шуд.