Имрӯзҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, ва котиби масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО Мавҷуда Нурова дар ҷаласаи 39-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Франсия, иштирок варзида истодааст.
Дар ҳошияи иҷлосияи мазкур, ҳайати кишвар лоиҳаҳои омоданамудаи коршиносони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, аз ҷумла ҷашни “Меҳргон” ва шаҳраки асримиёнагии “Ҳулбук”-ро ҷиҳати ворид намудан ба Феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддӣ ва моддии ЮНЕСКО, пешниҳод намуд.
Ҳамзамон аз ҷониби ҳайати кишвар ба Директори иҷроияи ЮНЕСКО, хонум Ирина Бокова, номаи миннатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои фаъолияти бисёрсолаш ба ҳайси роҳбари ин созмони бонуфуз ва саҳмаш дар рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Юунеско супорида шуд.
Дар конфронси номбурда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири фарҳанг суханронӣ намуда, дастовардҳои кишварро дар давоми солҳои охир дар самти рушди илм, маориф, фарҳанг, ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва мақоми фаъоли кишварро дар масъалаи об дар ҷаҳон таъкид кард.
Ҷаласаи 39-уми Конференсияи генералии ЮНЕСКО дар шаҳри Париж то санаи 15 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад кард.