Мулоқоти сафир бо раиси Агентии давлатии хизматрасонии шахрвандон ва инноватсияҳои иҷтимоӣ

23.02.2026 14:17

22 январи соли 2026 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо раиси Агентии давлатии хизматрасонии шахрвандон ва инноватсияҳои иҷтимоии назди Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Улви Меҳдиев баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи хизматрасонихои давлатӣ ба аҳолӣ баррасӣ гардида, вобаста ба масъалаҳои ба роҳ мондани мубодилаи таҷриба дар бахши татбиқи василаҳои муосири рақамӣ ва иноватсионӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар доираи вохӯрӣ сафир бо фаъолияти марказҳои хизматрасонии ягонаи шахрвандон "ASAN Xidmet", ки тибқи усули равзанаи ягона амал мекунанд, шинос гардида, доир ба таҷрибаи истифодаи технологияҳои иноватсионӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи низоми хизматрасонихои давлатии шахрвандон дар Озарбойҷон маълумот дода шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg