28 ноябри соли 2025 дар ш. Боку Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо ноиби президенти Ширкати давлатии нафти Озарбойҷон SOCAR Элшад Насиров мулоқот анҷом дод.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масоили таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи энергетика, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи нафт ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муштаракро баррасӣ намуданд.

