8 октябри соли 2025 бо ташаббуси донишҷӯёни тоҷик ва дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Донишгоҳи АДА-и ш. Боку чорабини таҳти унвони “Рӯзи миллии Тоҷикистон” бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи забони тоҷикӣ баргузор гардид.
Дар он сафири Тоҷикистон Илҳом Абдураҳмон, намояндагони маъмурияти донишгоҳ, муаллимон ва доираи васеи донишҷӯён, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик, ки дар дигар макотиби олии шаҳри Боку таҳсил мекунанд, ширкат варзиданд.
Зимнан донишҷӯёни тоҷик барномаи зебову рангорангро дар бораи таърих, фарҳанг, шахсиятҳои маъруфи таърихию адабии халқи тоҷик, инчунин зарфиятҳои сайёҳии Тоҷикистон пешкаш намуда, онро бо шеър ва суруду рақсҳои миллии тоҷикӣ ва видеонаворҳо ороиш доданд.




