27 августи соли 2025 дар шаҳри Боку вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Самир Шарифов баргузор гашт.
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мақомоти сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла баргузории машваратҳои сиёсӣ ва консулӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон оид ба дигар масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон табодули афкор сурат гирифт.
