Вохӯрии сафир бо муовини сарвазири Озарбойчон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ.

15.05.2025 18:49

14 майи соли 2025 дар шаҳри Боку вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо муовини сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон Самир Шарифов баргузор гардид.

Зимни мулоқот, ҷонибҳо рафти амалисозии қарордодро аз натиҷаи ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки байниҳукумати оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор дода, ба сатхи кунуни ва дурнамои рушди хамкорихо, бахусус афзоиши гардиши савдои дуҷониба, тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар фарҷоми мулоқот, Самир Шарифов изҳори хушнуди намуд, ки дар Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ҳамчун роҳбари ҳайати Озарбойҷон иштирок менамояд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg