Вохӯрӣ бо намояндаи Президенти Озарбойҷон оид ба иқлим, Президенти COP29 Мухтар Бабаев

17.04.2025 18:29

17 апрели соли 2025 вохӯрии сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо намояндаи Президенти Озарбойҷон оид ба иқлим, президенти COP29 Мухтар Бабаев доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ вазъи кунуни ва дурнамои ҳамкориҳо дар самти ҳифзи муҳити зист муҳокима гардид. Ҳамчунин, сафири Тоҷикистон доир ба ҷараёни омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки рӯзҳои 29-31 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумот дод.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg