Консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш. Боку

09.04.2025 17:31

9 апрели соли 2025 дар қасри ба номи Ҳайдар Алиеви шаҳри Боку барномаи консертии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Армуғони дустӣ” барузор гардид.

Дар чорабинии фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон доир шуд, вазири фрҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Адил Керимли, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон, намояндагони аҳли зиё, доираҳои илму фарҳанг ва санъати Озарбойҷон, корпуси дипломатӣ ва сокинону меҳмонони шаҳри Боку ширкат варзиданд.

Ҳунармандон ва мутрибони боистеъдоди тоҷик ба тамошобинон барномаи ҷолибу рангорангро бо иҷрои мусиқиву сурудҳо аз эҷодиёти муаллифони машҳури тоҷику озарӣ, инчунин асарҳои мусиқии классикӣ ва муосири ҷаҳонӣ, аз ҷумла операҳои Ҷузеппе Верди, Ҷорҷ Бизе ва оҳангу сурудҳои Клаус Баделт, Фрэнк Синатра ва Муслим Магомаев пешкаш намуданд.

Барномаи консертӣ аз ҷониби тамошобинон бо ҳиссиёти самимӣ ва кафкубиҳои бардавом истиқбол карда шуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg