7 апрели соли 2025 дар толори Филармонияи давлатии шаҳри Ганҷаи Ҷумҳурии Озарбойҷон консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Армуғони дустӣ” барузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, раиси шаҳри Ганҷа Ниязи Байрамов, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон, намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли зиё, доираҳои илму фарҳанг ва санъати Озарбойҷон ва сокинони шаҳри Ганҷа ширкат варзиданд.
Ҳунармандон тоҷик ба тамошобинон барномаи ҷолиби эстрадиро бо иҷрои суруду оҳангҳои муаллифони шинохтаи тоҷику озарӣ ва ҷаҳонӣ пешкаш намуданд.
Барномаи консертӣ аз ҷониби тамошобинон бо ҳиссиёти самимӣ ва кафкубиҳои бардавом истиқбол карда шуд.